Масъулияти инсон

Тамоми инсонҳое,ки дар руи замин  зигдагӣ мекунанд дар зери назорати Он зоти поки олим ва хабардор мебошанд. Он зоти паке аст, ки аз Ӯ ҳеҷ чиз махфи шуда наметавонад чи дар осмон ва чи дар руи замин. Ва чигунае,ки фармудааст:

قُلْ إِنْ تُخْفُوا مَا فِي صُدُورِكُمْ أَوْ تُبْدُوهُ يَعْلَمْهُ اللَّهُ وَيَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ وَاللَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ (29)

Бигӯ: «Ҳар чӣ дар дил доред, чӣ пинҳонаш кунед ва чӣ ошкораш созед. Худо ба он огох, аст. Ӯ ҳар чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва бар ҳар коре тавоност! (Оли Имрон 29)

أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ سِرَّهُمْ وَنَجْوَاهُمْ وَأَنَّ اللَّهَ عَلَّامُ الْغُيُوبِ (78)

Гуфтанд: “Оё омадаӣ, то моро аз он дин, ки падаронамонро бар он ёфтаем, дур созӣ, то дар замин сарварӣ ёбед? Вале мо ба шумо имон намеоварем”! (Тавба-78) 

يَعْلَمُ خَائِنَةَ الْأَعْيُنِ وَمَا تُخْفِي الصُّدُورُ (19)

Назарҳои дуздидаро ва ҳар чӣ дилҳо ниҳон доштаанд, медонад. (Сураи Ғофир ояи 19).

وَتَبَارَكَ الَّذِي لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا وَعِنْدَهُ عِلْمُ السَّاعَةِ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ (85)

Бартару бузургвортар аст он кас, ки фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, аз они Ӯст ва илми фаро расидани қиёмат хоси Ӯст ва ба Ӯ бозгардонида мешавед.(Зухруф-85)

يَوْمَ يَبْعَثُهُمُ اللَّهُ جَمِيعًا فَيُنَبِّئُهُمْ بِمَا عَمِلُوا أَحْصَاهُ اللَّهُ وَنَسُوهُ وَاللَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ (6)

Рӯзе, ки Худо ҳамагонро зинда мекунанд, ононро аз коре, ки кардаанд, огоҳ месозад. Худо корҳои онҳоро шумора кардааст, ҳарчанд худ аз ёд бурдаанд ва Худо шоҳиду нозир бар ҳар чизест! (Алмуҷодала 6)

وَكُلَّ شَيْءٍ أَحْصَيْنَاهُ كِتَابًا (29)

Ва Мо ҳама чизро дар, китобе шумора кардаем. (Набаъ 29)

Ва чигунае,ки Аллоҳ мефармояд ин китоб тарозуи адл аст дар у зулм ва ҷавр нест.

وَلَا نُكَلِّفُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا وَلَدَيْنَا كِتَابٌ يَنْطِقُ بِالْحَقِّ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ (62)

Бар ҳеҷ кас ҷуз ба миқдори тавонаш таклиф намекунем. Ва назди Мо китобест, ки ба ҳақ сухан мегӯяд. Ва бар онҳо ситаме намеравад. (Муъминун 62)

هَذَا كِتَابُنَا يَنْطِقُ عَلَيْكُمْ بِالْحَقِّ إِنَّا كُنَّا نَسْتَنْسِخُ مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ (29)

Ин навиштаи Мост, ки ба ҳақ сухан мегӯяд, зеро Мо корҳоеро, ки мекардаед, менавиштаем. (Алҷосия 29)

Ва пурсида мешаванд тамоми исонҳо аз он чизе, ки дар китоб ҳифз шудааст хайр бошад ё шар хоҳ калон бошад хоҳ хурд ва имруз рузи гирифтани самараи аъмол аст.

Чихеле, ки Аллоҳ мефармояд:

وَوُضِعَ الْكِتَابُ فَتَرَى الْمُجْرِمِينَ مُشْفِقِينَ مِمَّا فِيهِ وَيَقُولُونَ يَا وَيْلَتَنَا مَالِ هَذَا الْكِتَابِ لَا يُغَادِرُ صَغِيرَةً وَلَا كَبِيرَةً إِلَّا أَحْصَاهَا وَوَجَدُوا مَا عَمِلُوا حَاضِرًا وَلَا يَظْلِمُ رَبُّكَ أَحَدًا (49)

Дафтари аъмол кушода шавад. Гунаҳкоронро бинӣ, ки аз он чӣ дар он омадааст, бимноканд ва мегӯянд: «Вой бар мо, ин чӣ дафтарест, ки ҳеҷ гуноҳи хурду бузургеро ҳисоб ношуда нагузоштааст». Он гоҳ амалҳои худро дар муқобили худ биёбанд ва Парвардигори ту ба касе ситам намекунад.(Алкаҳф 49) 

Ва ин масъулият ом аст. Барои тамоми Паёомбарҳо(алайҳимуссалом) ва барои тамоми уммат.  Аллоҳ таъоло мефармояд:

فَلَنَسْأَلَنَّ الَّذِينَ أُرْسِلَ إِلَيْهِمْ وَلَنَسْأَلَنَّ الْمُرْسَلِينَ (6)

Албатта, аз мардуме, ки барояшон паёмбароне фиристода шуда ва низ аз паёмбароне, ки фиристода шудаанд, суол хоҳем кард. (Аъроф 6)

فَوَرَبِّكَ لَنَسْأَلَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ (92)

Ба Парвардигорат савганд, ки ҳамаро бозхост кунем. ( Ҳиҷр 92)

Ва онҳое, ки барояшон Расул фиристода шуд пурсида мешавад аз он чизе, ки пайрави ва тасдиқ карданд аз Паёмбарҳояшон ва аз пайрави шариаташон ё аз мухолифаташон. Чи тавре, ки Аллоҳ мефармояд:

وَقِفُوهُمْ إِنَّهُمْ مَسْئُولُونَ (24)

Ва нигаҳ доредашон, бояд бозхост шаванд. (Саффот 24)

Ва ин масулияти бисёр бузург аст, ки Аллоҳ таъоло насиб мекунад  магар барои он инсонҳое, ки Аллоҳ ҳидояташон кардааст ва онҳоро  пок кардааст аз иттибои ҳавову ҳавас.

وَالْوَزْنُ يَوْمَئِذٍ الْحَقُّ فَمَنْ ثَقُلَتْ مَوَازِينُهُ فَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ (8) وَمَنْ خَفَّتْ مَوَازِينُهُ فَأُولَئِكَ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ بِمَا كَانُوا بِآيَاتِنَا يَظْلِمُونَ (9)

Дар он рӯз вазн кардан ба ҳақ хоҳад буд. Онҳо, ки тарозуяшон сангин (вазнин) аст, наҷот ёфтаанд.

Онон, ки тарозуи аъмолашон сабук гаштааст, касоне ҳастанд, ки ба оёти Мо имон наёварда буданд ва аз ин рӯ ба худ зиён расонидаанд.(Аъроф8-9)

Барои тамоми мусалмонон зарур аст, ки дар зиндагии худ аз тамоми он чизе, ки Аллоҳ моро наҳй кардааст боз истем ва ба фармони Аллоҳ сар хам намуда итоъат кунем. Агар ба қадри он неъматҳое, ки Аллоҳ барои мо додааст нарасем ба монанди чашм, гуш, даст, пой, дигар аъзои бадан ва ғайра, куфри неъмат  аст. Аллоҳ рузи қиёмат бар даҳони мо мӯҳр мезанад ва аъзои бадани мо гувоҳи медиҳанд. Аллоҳ мефармояд:

وَيَوْمَ يُحْشَرُ أَعْدَاءُ اللَّهِ إِلَى النَّارِ فَهُمْ يُوزَعُونَ (19) حَتَّى إِذَا مَا جَاءُوهَا شَهِدَ عَلَيْهِمْ سَمْعُهُمْ وَأَبْصَارُهُمْ وَجُلُودُهُمْ بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ (20) وَقَالُوا لِجُلُودِهِمْ لِمَ شَهِدْتُمْ عَلَيْنَا قَالُوا أَنْطَقَنَا اللَّهُ الَّذِي أَنْطَقَ كُلَّ شَيْءٍ وَهُوَ خَلَقَكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ (21) وَمَا كُنْتُمْ تَسْتَتِرُونَ أَنْ يَشْهَدَ عَلَيْكُمْ سَمْعُكُمْ وَلَا أَبْصَارُكُمْ وَلَا جُلُودُكُمْ وَلَكِنْ ظَنَنْتُمْ أَنَّ اللَّهَ لَا يَعْلَمُ كَثِيرًا مِمَّا تَعْمَلُونَ (22) وَذَلِكُمْ ظَنُّكُمُ الَّذِي ظَنَنْتُمْ بِرَبِّكُمْ أَرْدَاكُمْ فَأَصْبَحْتُمْ مِنَ الْخَاسِرِينَ (23) فَإِنْ يَصْبِرُوا فَالنَّارُ مَثْوًى لَهُمْ وَإِنْ يَسْتَعْتِبُوا فَمَا هُمْ مِنَ الْمُعْتَبِينَ (24)

19. Ва рӯзе, ки душманони Худоро гирд оваранд ва ба саф биронандашон,

20. Чун ба канори оташ оянд, гӯшу чашмҳо ва пӯстҳошон ба амалҳое, ки кардаанд, бар зиддашон шоҳидӣ диҳанд.

21. Ба пӯстҳои худ гӯянд: «Чаро бар зидди мо шоҳидӣ додед?» Гӯянд: «Он Худое, ки ҳар чизеро ба сухан меоварад ва шуморо нахустин бор биёфарид ва ба Ӯ бозгашт меёбед, моро ба сухан овардааст».

22. Аз ин ки гӯшу чашмҳо ва пӯстҳоятон ба зиёни шумо шоҳидӣ диҳанд, чизе ниҳон намедоштед, балки мепиндоштед, ки Худо бар бисёре аз корҳое, ки мекунед, огоҳ нест.

23. Ва ин буд гумоне, ки ба Парвардигоратон доштед. Ҳалокатон кард ва дар шумори зиёнкардагон даромадед.

24. Пас агар сабр кунанд, ҷойгоҳашон дар оташ аст ва агар ҳам толиби афв шаванд, касе онҳоро афв накунад.  (Фуссилат19-24)

Инсон масъул аст ба китоби Аллоҳи худ, ки  роҳи рост ва ҳидоят дар он аст. Ресмони маҳкам  ва барои оламиён ҳуҷҷат аст. Пурсида мешавад инсон аз авомир ва навоҳии он китоб ва аз ваъдаҳояш ва аз ваъидҳояш. Оё итоъат кардааст ба амру навоҳии он китоб ва оё зиндагиашро мувофиқи он китоби Аллоҳ кардааст.Албатта Аллоҳ таъоло барои муъминҳои солим  ваъдаи мағфират ва аҷри бузург додааст. Аллоҳ мефармояд:

وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ عَظِيمٌ (9)

Худо ба касоне, ки имон овардаанд ва корҳои некӯ кардаанд, ваъдаи омурзиш ва музде бузург додааст. (Ал Моида 9)

Читавре, ки Аллоҳ таъоло барои муминони солеҳ ваъдаи хилофат дар руи замин додааст ва барои онҳо динро комил  намудааст ва табдил кардааст хавфашонро ба амн. Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَيَسْتَخْلِفَنَّهُمْ فِي الْأَرْضِ كَمَا اسْتَخْلَفَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمْ دِينَهُمُ الَّذِي ارْتَضَى لَهُمْ وَلَيُبَدِّلَنَّهُمْ مِنْ بَعْدِ خَوْفِهِمْ أَمْنًا يَعْبُدُونَنِي لَا يُشْرِكُونَ بِي شَيْئًا وَمَنْ كَفَرَ بَعْدَ ذَلِكَ فَأُولَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ (55)

Худо ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, ваъда дод, ки дар рӯи замин ҷонишини дигаронашон кунад, ҳамчунон, ки мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, ҷонишини дигарон кард, Ва динашонро, ки худ барояшон писандида аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба тинҷи иваз кунад. Маро мепарастанд ва ҳеҷ чизеро бо Ман шарик намекунанд. Ва онҳо, ки аз ин пас ношукрӣ кунанд, нофармонанд! (Ал Нур-55)

Оё инсон ҳаракат ва кушиш кардааст, ки аз гуруҳи муъминони ҳақиқи бошад? Оё амали солеҳ кардааст? Оё ба он рӯзи бузург (қиёмат)чизе омода кардааст?, ки дар маҳзари Парвардигораш истод мешад . Аллоҳ таъоло мефармояд:

نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَقُولُونَ وَمَا أَنْتَ عَلَيْهِمْ بِجَبَّارٍ فَذَكِّرْ بِالْقُرْآنِ مَنْ يَخَافُ وَعِيدِ (45)

Мо ба он чӣ мегӯянд, донотарем ва ту ба онҳо зӯр намегӯӣ. Пас ҳар киро аз ваъдаи азоби Ман метарсад, ба Қуръон панд деҳ! (Қоф -45)

Аллоҳ ба мо амр кардааст ба амал кардан бо Қурон. Аллоҳ таъоло дар ояи муборакаи зерм мефармояд:

وَإِنَّهُ لَذِكْرٌ لَكَ وَلِقَوْمِكَ وَسَوْفَ تُسْأَلُونَ (44)

Ва Қуръон сабаби баландовоза гаштани ту ва қавми туст ва ба зудӣ бозхост шавед. (АлЗухруф - 44).

Ва инсон масъул аст аз он неъматҳое, ки Аллоҳ субҳу  шом додааст ва аз онҳо пурсида мешавад. Аллоҳ мефармояд:

ثُمَّ لَتُسْأَلُنَّ يَوْمَئِذٍ عَنِ النَّعِيمِ (8)

Сипас дар он рӯз шуморо аз неъматҳои дунявӣ бозхост мекунанд. (Такасур 8). 

Ва он неъматҳои гунонуне, ки Аллоҳ ба ба бандагонаш насиб кардааст авлоди инсон аст, ки Аллоҳ зиннати ҳаёти дунё мегӯяд . Аллоҳ мефармояд:

الْمَالُ وَالْبَنُونَ زِينَةُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَالْبَاقِيَاتُ الصَّالِحَاتُ خَيْرٌ عِنْدَ رَبِّكَ ثَوَابًا وَخَيْرٌ أَمَلًا (46)

Дороиву фарзанд зебу зиннатҳои ин зиндагонии дунёст ва кирдорҳои нек, ки ҷовидон бар ҷой мемонанд, назди Парвардигорат беҳтар ва умед бастан ба онҳо некӯтар аст. (Алкаҳф-46)

Албатта инсон бешак масъул аст болои авлоди худ ва духтарони худ аз динашон ва аз ақидаашон ва аз ахлоқашон. Чихеле, ки дар китоби саҳеҳайн аз саҳобии ҷалил Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст: Шунидам аз расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мегӯянд:

  عَنِ ابْنِ عُمَرَ ، رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا أَنَّ رَسُولَ اللهِ صلى الله عليه وسلم يَقُولُ: كُلُّكُمْ رَاعٍ وَكُلُّكُمْ مَسْؤُولٌ عَنْ رَعِيَّتِهِ الإِمَامُ رَاعٍ وَمَسْؤُولٌ عَنْ رَعِيَّتِهِ وَالرَّجُلُ رَاعٍ فِي أَهْلِهِ وَهْوَ مَسْؤُولٌ عَنْ رَعِيَّتِهِ وَالْمَرْأَةُ رَاعِيَةٌ فِي بَيْتِ زَوْجِهَا وَمَسْؤُولَةٌ عَنْ رَعِيَّتِهَا وَالْخَادِمُ رَاعٍ فِي مَالِ سَيِّدِهِ وَمَسْؤُولٌ عَنْ رَعِيَّتِهِ- قَالَ وَحَسِبْتُ أَنْ قَدْ قَالَ - وَالرَّجُلُ رَاعٍ فِي مَالِ أَبِيهِ وَمَسْؤُولٌ عَنْ رَعِيَّتِهِ وَكُلُّكُمْ رَاعٍ وَمَسْؤُولٌ عَنْ رَعِيَّتِهِ

Ҳар яки шумо сардор ва ҳар яки шумо масъул ҳастед аз зердастони худ.Подшоҳ сардор ва масъул аст бар зердастони худ  ва мард сардор аст дар хонаводаи худ ва масъул аст бар зердастон худ ва зан сардор аст дар хонаи шавҳараш ва масъул аст бар зердастони худ ва хидматгор сардор аст ба моли саидаш ва масъул аст ба зердастони худ. Ва мард сардор аст ба моли падараш ва масъул аст ба зердастони худ ва ҳар яки шумо сардор ва масъул ҳастед бар зердастони худ. 

Агар дину ақида ва ахлоқашонро ҳифз намояд аз ақидаҳо ва ахлоқҳои гумроҳ кунанда, ин гуна инсон дар масъулияташ амин мебошад. Ва агар авлодаш бедин шаванд ва фосиқу бад ахлоқ шаванд ба таҳқиқ  хиёнат кардааст дар масъулияташ. Дар ин ҳолат бисёр зарар кардааст. Абӯ Яъло Маъқол ибни Ясор (разияллоҳу  анҳу) гуфт, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфтанд:

مَا مِنْ عَبْدٍ اسْتَرْعَاهُ اللَّهُ رَعِيَّةً فَلَمْ يَحُطْهَا بِنَصِيحَةٍ إِلاَّ لَمْ يَجِدْ رَائِحَةَ الْجَنَّةِ.

Нест ҳеҷ бандае, ки Аллоҳ субҳонаҳу таъоло уро масул ва ё сардор гардонидааст бар болои халқе. Ва ин банда барои онҳо хайхоҳи накард. Ин банда за буи ҷаннат маҳрум мегардад.

Моли дунё ҷузе аз неъматҳо буда, бешак инсон масул аст ба ҳамин мол. Ба кадам роҳ пайдо ва ҷамъ кардааст уро ва ба кадом роҳ нафақа кардааст уро? Ҷавони ҳам ҷузе аз неъматҳост, ки вақти тиллогин(беҳтарин) умр аст аз қувват ва аз чолоки. Албатта инсон масъул аст аз ин ҷавониаш ба чи чиз ва ба чи амал гузаронид? Илм ҳам ҷузъе аз неъматҳост, балки беҳтарин неъмат ҳаст,баро он ки лаззати имони аст, ягон лаззат баробар намешавад бо лаззати илм. Бешак инсон масъул аст аз ин илм монанди нафасаш ва оилааш ва толибҳояш ва муҷтамиъаҳояш. Ончизе, ки далолат мекунад, ки инсон масъули бузург аст аз умраш ва ҷонаш ва аз аъмолу молаш чихеле, ки имом Тирмизи аз саҳобии ҷалилулқадр Аби Барзотил Аслами (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунанд ҳадиси ҳасани саҳеҳ Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васаллам гуфанд:

لا تزول قدما عبد حتى يسئل عن عمره فيم افناه‘وعن علمه فيم فعل فيه‘وعن ماله من اين اكتسبه وفيم

انفقه‘وعن جسمه فيم ابلاه

Бандаро иҷозати ҳаракат кардан дода намешавад рузи қиёмат  то вақте, ки уро аз чаҳор чиз савол карда нашавад. 1. Аз умраш ки уро дар куҷо  гузаронда аст. 2. Аз илмаш ки бо у чикор кард. 3. Аз молаш, уро аз куҷо касб кард ва дар куҷо нафақа кард. 4. Аз ҷисми у ки чигуна уро истифода бурд.

  Ва инсон масъули аввлу охири ҳаёташ аст, Аллоҳ таъоло моро буҳуда халқ  накардааст балки барои як амри бузург моро халқ кардааст. Аллоҳ мефармояд:

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ (56)

Ҷинну инсро фақат ва фақат барои парастиши Худ офаридаам. (Зориёт 56)

Агар инсон бархезад ба ин амри бузург ба манҳаҷи саҳеҳ  фалоҳ ва наҷот ёфтааст. Ва агар танбали кунад ба қиёми ин амр хор шудааст ва зиён кардааст.Ва дигар ин, ки ҳаминхел партофта намешавад балки бозгашти у ба суи Аллоҳ аст рузе, ки шоҳидон оварда мешавад дар рузи қиёмат. Дар он вақт маълум (зоҳир)мешавад  натиҷаҳо ва кашф мешавад ҳақиқатҳо баъзеҳо китоби аъмолро бо дасти рост ва баъзеҳо бо дасти чап мегиранд Аллоҳ мефармояд:

أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَاكُمْ عَبَثًا وَأَنَّكُمْ إِلَيْنَا لَا تُرْجَعُونَ (115)

Оё пин доред, ки шуморо беҳуда офаридаем ва шумо ба назди Мо бозгардонида намешавед?»(Муъминун   115)

  Ва борои ҳамин масъулони азиз раисон шумо ҳаммаатон назди Аллоҳ ҷавобгу ҳастед бояд аз Аллоҳ тарсед, ки рузи қиёмат китобатон дар дасти чап набошад.Охиратро фаромуш накунед монанди шумо ҳазорҳо шоҳу гадо,Фиръавну Ленинҳо рафтанд бубинед, ки чи шуданд?Дар он амонате, ки Аллоҳ барояшон дода буд хиёнат карданд Аллоҳ хору золилашон кард ва онҳое, ки амонатро хиёнат накарданд Аллоҳ нусраташон кард ва дар ин дунё ва дар охират азизашон кард. Ва барои уламои Тоҷикисстон гуфтани ҳастем, ки ҳақро напушонед ва ба Аллоҳ таввкал карда ҳақиқатро баён кунед. Дуъо кунем , ки Аллоҳ мо ва шуморо ҳидоят кунад амин.