Хоҳарам бихон то фиребат надиҳанд.
Ба номи Худованди меҳрубон.

Ҳамду сано бар Парвардигори оламиён, ва дуруду салом бар Паёмбараш ва бар олу асҳобаш.
Аммо баъд:
Эй хоҳари мусалмон:
Ин рӯзҳо дасти нопоки фиребкор ба сӯят дароз шудааст, то туро аз қуллаи каромат ва осмони маҷду шараф ба залили кашида ва аз доираи хушбахти берун ронад, ва пеш аз инки ин дасти муҷрим ва ситамкор ба ҳадафи бадӣ худ расад онро кӯтоҳ кун, ва ин нафси нопок ва шароратбоз ки барои гумроҳ кардан ва берун ронданат аз биҳишти иффат ва ҳиҷоб қиём кардаро лаънат карда ба Аллоҳ паноҳ бибар. Зеро ин ҳамон нафсе аст, ки мехоҳад туро ба бенавои ва нагунбахтии дунё ва охират бибарад.
Эй хоҳари мусалмон:
Тавтиаи бузурге барои масх карданат ва бози бо ҷисму шарафат ба роҳ афтода аст, пас огоҳ бош ва аз шарри ин найранги бад ба Парвардигорат паноҳ ҷуста ва аз вай ҳимоят ҷуй. Зеро фақат Аллоҳ таъоло аст, ки метавонад туро наҷот диҳад.
Эй хоҳари мусалмон:
Қалбҳои сиёҳу палид ва пур аз зиштиву шарорат, ҳиқду кинаи бузургеро барои ту ва барои дину иззату шараф ва ниёгонат дар сина доранд, ва аз миёни онҳо касоне ҳастанд аз худи мо ва бо номҳои мо ва ба забони худи мо сухан мегӯянд, пас хоҳарам ба худ биё ва бо покдомани ва иффат хешро наҷот деҳ ва ҳаргиз ин фурсатро ба душманонат надеҳ, ки туро аз ҷойгоҳи маҳкам, парда ва ҳиҷоб ки бузурттарин паноҳгоҳат аст берун кашанд.
Хоҳарам! Оё медони ин чи дасте аст, ки туро аз он барҳазар доштам?
Онҳо ҳамон суханони ба зоҳир зебо ва мақолаҳои сеҳромез ва гуфторҳои адабие аст, ки сутунҳоӣ маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо ва сафаҳоти телевизиюнҳо пур аз он аст, ки онро душманонат доъиёни озодӣ барои гумроҳ намудан ва фиреб доданат навишта, то ҳиҷобатро берун бияндозанд ва аз поки ва иффатат берун шавӣ, ва дар натиҷа масх ва нопок гашта ба тавре, ки на хайре барои худат дошта ва на барои наздиконат.
Хоҳарам! Ҳоло ки ҳақиқатро дарёфта душманонатро шинохти аз чунин гуфторҳо ва нидоҳо руй гардонда, на чашматро барои дидани он ва на даҳонатро барои хондан ва на гӯшатро барои шунидани он букушой, зеро инҳо дастҳои ҷинояткоре аст, ки ба суйи саъодат ва хушбахтиат дароз гашта ки онро нобуд ва ба шарофатат даст андохта то ба он иҳонат карда каромататро бо баҳонаи озодӣ ва равшанфикри ва пешрафт бо пойҳои палидашон поймол кунанд.
Ва оё медони он нафси нопок, ки барои фиреб додан ва гул заданат ба по хоста ва туро аз он бар ҳазар доштам кист? Ин ҳамон суханоне аст, ки аз ҳиҷоб интиқод мекунад ва дар машрӯъияти он шак ва гумон дошта ва кушиш дар кам арзиш ҷилва додан ва ночиз шумурдани паёмадҳои тарк ва инкори он дорад.
Онҳо мегӯянд: (Ҳиҷоб аз мазоҳири тахаллуф ва ақиб мондаги аст, имон дар дилҳост на дар пӯшидани чеҳра ва гиребон ва он зинат ва ороише, ки аз зани мусалмон хоста шуда то онро пинҳон кунад дар ғайри дастҳо ва чеҳраҳост..) монанди ин суханони ботил ва гумроҳ кунанда. Ва ҳамаи инҳо барои он аст, ки туро дар имону ҳаё ва ғайратат ба шакку тардид андохта ва қалъаи покдомани ва шарофатро дарҳам кубида,таҳорат ва истиқоматро аз байн бибаранд. То дар ниҳоят лухту урён роҳ гарди ва ба ҷисми зебоят, ки Аллоҳ таъоло кашфи онро ҳаром гардонидааст, лаззат бурда ва шаҳвати хешро сер кунанд.
Бо суханони ишқу дӯсти ва нишасту бархости бидуни парда ва шарму ҳаё ба ҳадафи худ бирасанд ва то туро бозича барои шаётин ва танобе барои Иблис ва бачаҳояш дароварда ва ба василаи ту заъиф имонҳоро шикор карда, то барои худ муҷтамаъи фосид ва дарҳамхурдае бисозанд, ки ба ҷуз шаҳватрони на ҳадаф дошта ва на шарафу оқибате.
Пас ҳушёр ва бар ҳазар бош аз ин доми фитна, ки бароят густурдаанд, ва либоси дароз ба бар кун, ба ҳиҷобат маҳкам чанг зан, зеро он баъд аз Худо паноҳгоҳи маҳкам ва сипари нерумандат аст.
Эй хоҳари мусалмон! Оё медони он чашми чи касе аст, ки ҳасад бар ҳаё ва таҳорат ва покдомани ва ҳиҷобат дошта, ва туро бо ин нидоҳои заҳрогин шикор ва сипас ҳайрон ва саргардон раҳо менамояд, Агар ҳиҷобро мехоҳи: Он ҳукм ва дастури Парвардигор ва хостаи динат ва роху равиши занони солеҳи пеш аз ту аст.
Ва агар бе ҳиҷоби ва урёниро мехоҳи: Он роҳ ва равиши имруз аст, ки фарҳанги ғарб бар он бино шуда аст ва чашми шарқ ба сӯи он хира гашта, ки паллаи саъодат ва роҳу расми наҷот аст, онгуна ки ботилон ва бандагон ҳавову ҳавас ва шаҳавот иддиъо доранд. Ҳушёр ва зирак бош то беҳиҷоби ва урёниро бароят зебо ҷилва дода, онро дар назарат хуб ва ҳиҷобу пушишро зишт намоёнида туро аз он безор гардонанд, ва ҳамаи инҳо ба номи илм ва пешрафту озоди анҷом мегирад. Ва аз осори бади ин чашми ҳасад, ки туро ҳадаф қарор дода ин аст, ки иддае аз хоҳарон ва дӯстонат на танҳо ҳиҷобро чизи сангине эҳсос карда ва аз он нафрат доранд, балки мутаасифона баъзе либоси ҳиҷобро аз тан кашида ва урён ба хиёбонҳо омаданд, ва бо ин кор орзуи касонеро ки мехоҳанд онҳоро бозичаи худ қарор диҳанд, бароварда мекунанд.
Пас эй духтари мусалмон! Аз Аллоҳ битарс, ва аз ҳиҷоб ва шарму ҳаё ва имону покии рӯҳат ҳимоят намо, то ин ки мабодо туро суханони нопойдор ва гузарояшон ва гуфтаҳои зоҳирияшон бифиребад. зеро онҳо маккор ва фиребгар ва найрангбозанд. Бо гӯш надодан ба гуфтаҳои палидашон онҳоро ба хашм овар ва бо бетаваҷҷуҳи онҳоро хор ва залил гардонда ва бо чанг задан ва ҳифозат аз ҳиҷоб ва иззату шарафат ва бо нишастани хона коре кун, ки онҳоро аз ҳасрат мурдор гардони, зеро онҳо дар пайи нобуди ва барбод додани шараф ва покдоманияат ҳастанд.
Бо имон туро хитоб қарор медиҳам:
Ҳоло эй духтари мусалмон бароям иҷозат деҳ, ки туро бо имонат хитоб қарор дода то инки шояд ба ёд оварда ва панд пазирӣ.
Оё ҳаминтавр нест, ки ту ба Аллоҳ ва расулаш имон дори? Ва оё ингуна нест, ки ту дар орзуи ризои Аллоҳ ва хонаи охирати? Оё муътақид ба ҳаром будани ончи, ки Аллоҳ ва расулаш ҳаром қарор дода аст нести? Агар бигуйи: ope, ва яқин дорам, ки чизе ғайр аз ин нахоҳи гуфт. Пас бидон ки имонат ба Аллоҳ ва паёмбари акрам фармонбардори аз онҳоро ба ту воҷиб мегардонад, ва орзуи ризогии Аллоҳ ва наҷот дар охират туро бар он водор месозад, ки барои ризогии Аллоҳ амал куни, ва эътиқодат ба ҳаром будани ончи, ки Аллоҳ ва расулаш ҳаром қарор дода аст, бар ту воҷиб мегардонад, ки бо қавл ва феъл ончи Аллоҳ ва расулаш ҳаром гардонидааст, ҳаром бидонӣ. Агар инро донисти, пас инро низ бидон, ки Аллоҳ ва расулаш зинат ва ороиш, ва сипас урёну беҳиҷоб гаштани занро онгуна ҳаром гардонидаанд, ки фисқу фуҷур ва бадкори ва беҳаёгиро ҳаром донистааст. Аллоҳ ва расулаш занони муъминро амр кардаанд, ки нигоҳҳояшонро поён андохта ва покдоманиро ихтиёр кунанд, ва низ онҳоро аз ошкор сохтани ҳар зинат ва ороиш барои номаҳрамон манъ карда ва ба онҳо дастур додааст, то cap ва гребонашонро бипушонанд.
Худованд мефармояд:
«Ва бояд руйсариҳои худро бар гребонашон бияндозанд ва зинату ороиши худро фақат барои шавҳаронашон ошкор кунанд» Hyp 31.
Ҳоло эй хоҳари мусалмон! Оё ба ончи, ки Аллоҳ таъоло бароят писандида аст, рози ҳасти? Ва аз у бар неъмати ислом ва ҳидояте, ки бароят арзони дошта шукру сипосгузори карда ва бар ҳиҷоб ва ҳаё ва ғайрат ва итоат аз Парвардигорат муҳофизат мекуни? Ва ҳама ин садоҳои бадро, ки туро ба номи озоди ба урёни ва фасод мехонанд ҷавоби манфи дода, ва бо тамасхур ва истиҳзо хашму нороҳатиатро аз онҳо эълон мекуни? Зеро онҳо мехоҳанд шарафатро сарбурида ва иззату каромататро барбод дода, покиатро ба наҷосат кашида, динатро нобуд кунанд.
Ва ё аз он чизҳое, ки Худованд бароят писандида аст нороҳати ва ончи Ӯ дуст дорад онро бад мепиндори. Ҳидояташро носипоси карда ва неъматҳояшро шукр намекуни ва дунболи саробу саъодати дурӯғин медави, ки урёни ва беҳиҷобиро барои фиреб ва гумроҳият алам (парчам) кардаанд. Мутаасифона тавонистанд бо ин даъводои дуруғини худ бисёре аз хоҳаронатро дар бисёре аз кишварҳои исломи қаноъатманд кунанд, ки хушбахтии зан барпо нахоҳад ёфт, магар бо кашфи ҳиҷоб ва бо якҷо буданашон бо мардони бегона дар дигар заминаҳои зиндаги, ва ҳарҷо ки мард бошад занҳам бояд бошад, ва ҳарҷо зане бошад марде низ бошад.
Бо иборати дигар марде дар қолаби зан, дар ҳар коре ки тасаввур мешавад, ҳатто дар либос пушидан ва шона задани муйи cap ва кутоҳ кардани он, ва фақат бо ин роҳ зан ба саъодат ва хушбахти даст хоҳад ёфт ва миллаташ сарфароз ва кишвараш сарбаланд... хоҳад шуд.
Чунон вайро қаноъатманд карданд ва ин фикр чунон дар у уствор шудааст, ки иззат ва пойдории кишвар ва некбахтии уммат ва пешрафти он дар урёни ва беҳиҷобии зан аст.
Бигу: на инки аз ҳиҷоб ва мусталзамоти он, балки аз имон ва ҳаё ва ғайрату туҳру сафо даст кашад. Баъзе аз занони соддафикр ва заъифимону беилм онро бовар карда ва фиреби ин гуфтаҳои зебои дуруғинро хӯрдаанд. Духтарони мусалмон дар бисёре аз кишварҳои исломи шуруъ ба тамарруд ва сарпечи аз ҳиҷоб ва саъй дар халоси аз он намуданд, ва дар ҳақиқат бисёре аз онҳо аз ҳиҷоб даст кашиданд, ва дар натиҷа чеҳраҳо ошкор гашта ва чизе аз онро аз назари мардон намепушонанд.
Сипас даст ба истилоҳи озоди ба русари расид ва онро аз сараш дур андохт, ва барои аввалинбор зани мусалмон бо сари луч дар назари умуми зоҳир гашт ва ба ингуна шарм ва ҳаё дар зан аз по афтод, ва дигар қодир нест, ки уро аз нишасту бархосту мусофаҳа ва ҳарф задану хандидан бо ҳар марде бихоҳад боз дорад.
Ва бадин тартиб зани мусалмон онгуна, ки шаҳват парастон ва ҳавасаронони номусалмон мехостанд ба урёни кашида шуд, ки дар натиҷаи ин табарруҷ ва урёнии ҷоҳили, синамо, ва намойшгоҳу клубҳо ва амокини лаҳву фисқу фуҷур дар бисёре аз кишварҳой исломи аз занон пур гашт, ва фасоду фаҳшо ҳама ҷоро фаро гирифт. Ин фисқу фасод муҷтамаъи исломиро масх намуд ва ончи,ки дар дируз буд имруз асаре аз он боқи намонд. Ва занон на танҳо саъодатеро, ки ба номи озоди ва таҷаддуд гарои ваъда дода мешуд аз даст дод, балки вуҷудашро ба унвони зан дорои арзиш ва эҳтиром дар муҷтамаъ аз даст дод. Ва ҳамчунин бисёре аз мардон мардонаги ва ғайрати худро бохта то ҷое, ки дигар монеъи намебинанд, ки занон ва духтаронашон бо сару даст ва пои бараҳна назди мардони бегона ҳозир шаванд.
Ва дар ниҳоят ин ҳамон партгоҳи хатарноке аст, ки зани мусалмон дар бисёре аз кишварҳои исломи дар он сарозер гашта, ва ҳамон оқибати сиёҳе аст, ки ба суи он гом мениҳад.
Пас эй духтари мусалмон! Оё ба чунин чизе барои хештан рози ҳасти? Ва ҳамчунон ба ёваҳои душманони маккор ва фиребгорат гӯш фаро медиҳи, ки туро ба сӯи сарозер шудан ба ин партгоҳи хатарнок хонда ва ташвиқ мекунанд, имруз аз ту чизе бештар аз инки чеҳраатро ошкор куни намехоҳанд, вале хуб медонанд вақто пардаро аз чеҳраат бар медори шарм ва ҳаё аз он шуста шуда ва дар оянда ба тадриҷ ҳиҷоб аз cap ва сина ва сипас аз зонуҳоят то нимаро ниҳоят бар мехоҳи дошт, онгуна, ки барои бисёре аз фиребхурдагон ғайр аз ту дар кишварҳои мусалмон иттифоқ афтода аст.
Имруз ту бо ҳиҷобат аз эҳтироми ҷомиъа ва падару модар ва дусту хеш бархурдори, фардо ки аз худ ҳиҷоб дур куни ва ба урёни руй овари пас ҳамаашон туро ба дидаи ҳақорат нигоҳ карда ва дарҳо бароят баста хоҳанд шуд.
Имруз бо ҳиҷобат эҳсоси имон ва иззат ва каромат мекуни, ва фардо ки Худо накарда даст аз ҳиҷоб бардори албатта эҳсоси иззат ва каромат ва имони имрузаро низ аз даст хоҳи дод.
Насиҳатам ба ту хоҳари мусалмон...
Ин аст ки ин садоҳо, ки туро ба беҳаёги ва урёни ва беҳиҷоби фаро мехонанд рад карда ва онҳоро ба нигоҳи залили ва пасти бинигар, ва ба ончики Худованд барои Модарони муъминон(ҳамсарони расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам)) писандида, ки дар хона бимонанд ва бепардагии даврони ҷоҳилиятро тарк кунанд рози шав, онгунае, ки Аллоҳ таъоло дар Қуръон мефармояд:
«Ва дар хонаҳоятон бимонед ва монанди даврони ҷоҳилияти нахуст беҳиҷоби накунед»
Ва дигар инки зиндагии сатр ва пушишро бар зиндагии урёни ва бе ҳаёги бартари диҳи. Ва бидон, ки зеботарин чиз назди духтарон шарм ва ҳаёст, ва ҳаё ба ҳиҷоб вобастаги дорад.
Ва агар аз он даст бард ори шарму ҳаёро аз даст хоҳи дод. Ва агар ҳаёро аз даст доди ҳатман ҳарчи хуб ва зебост низ аз даст дода ва Худо нахоста шайтоне хоҳи гашт дар либоси зан. Аммо насиҳатам ба ононе, ки фиреби иддиъоҳои гумроҳ кунандаи душманони ислом ва душманони иффат ва покдомани ва ҳаёро хурда ва дар манҷалоби беҳиҷоби ва бе ҳаёги ва лухту урёни афтодаанд. Насиҳатам ба онон инаст ки аз хоб бедор гашта ва бар Парвардигорашон боз гашта ва тавба кунанд. Агар мусалмони воқеъиянд ончи Аллоҳ таъоло ба пушидани он амр кардааст, бипушанд ва ҳиҷобу сатри исломиро риъоя кунанд.
Ва бидонад, ки тамаддун ва пешрафти дар бедиҷоби ва ба намоиш гузоштани зебу зинат, онгунаки либосро пеши руйи ҳар роҳгузар мегузоранд нест, балки ин ҳамон сукут ва сарозери ба сӯйи пасти ва залили аст. Ва бидонад, ки ҳамаи даъватҳои озодии мазъум чизе чуз даъват ба раҳои аз ахлоқу одоб ва тарки арзишҳо ва улгуҳои неку усули волои инсони ва афтодан дар шарру фасод нест.То чарогоҳе барои анзор ва суфраи боз барои асҳоби шаҳват ва ҳавас гардад.
Марг ва сакароти он ва қабру торикияш ва рузи ҳашр ва сахтиҳову даҳшатҳо ва оташу банду занҷири онро баёд оварад, ва ҳамчунин истодани худ назди Аллоҳ таъолоро ба ёд оварад, ва дар он руз чи далиле хоҳад дошт, ва чигуна дар бораи аъмоли хилофи ислом ва имон ва Парвардигору рузи қиёмат ба холиқ ва парвардигораш посух ходад дод.
Ин ҳамон чизе буд, ки бар зани мусалмон гушзад кардам, пас аз ин ҳар касе хост аз сухани ман панд гирад ё малол. Аллоҳ таъоло мефармояд:
«Ва Парвардигорат бар бандагон ситам намекунад» Фуссилат 46.
«Ва на Худованд аз ончи ки анҷом медиҳед ғофил аст». Оли Умрон 99.
Худованд ҳамаро ба ончики дӯст дорад ва меписандад тавфиқ диҳад.
Абӯбакр Алҷазоирӣ.