Ту бидуни Ислом сифр ҳастӣ.

Аз хусусиёт ва вижагиҳои як мусалмон ин аст, ки ба дини бартар, бузург ва мукқаддаси Ислом, ифтихор намояд ва ҳазорҳо маротиба шукронаи ин неъмати бемисоли Илоҳиро адо намояд, ки вайро холиқи коинот, Парвадигори ду ҷаҳон, мусалмон халқ намудааст. Мусалмоне, ки аз фитрати хеш бехабар буда ва таваҷҷӯҳ ба ҳувияти аслияш накунад ва ба исломияти худ наболад, дар қалби вай шакку тардид буда ва қиллати яқин бар вай мусаллат мегардад.

Аллоҳи мутаъол дар каломи муборакаш хитоб ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд:

«Қуръон мояи бедории ту ва қавми туст ва аз шумо (дар бораи ин барномаи Илоҳӣ) пурсида хоҳед шуд».(Зухруф 44).

Яъне, эй Расули баргузидаи Аллоҳи зулҷалол, Исломи азиз, боиси шарафу иззати ту ва қавми туст ва ҳамчунон уруҷу виқор ба пайравони туст, то ба рузи қиёмат... .

Пас бидуни шак бар ҳар мусамлон воҷиб аст, ки ҳаёташро зиндагии қуръонӣ бисозад ва ба он ифтихор намояд, барои ин, ки ба ин василаи вай дар миёни умматҳо аз уммати бартари исломӣ ва қуръонӣ, маҳбус гардидааст.

Чуноне, ки шоири арабзабон гуфта, ки тарҷумаи он ин аст:

Мужда, башорат ва хушо ба ҳоли уммати бартари Ислом, ки аз ҷониби Холиқи лоязол мавриди инояти бешуморе қарор гирифта ва аз он ҷумла ба василаи дуо акрами Паёмбарон, Мудаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) беҳтарин уммат қарор дода шудааст.

Ҳамчуно Аллоҳи бениёз мефармояд:

«Аз ҷиҳод дар роҳи Аллоҳи мутаъол ба сабаби он чӣ бар саратон меояд, суст ва забун нашавед, ва (барои куштагонатон) ғамгин ва афсурда нагардед ва шумо (бо таъйидоти Илоҳӣ ва қувваи имони ростин ва нерӯи ҳаққе, ки аз он дифоъ мекунед), бартар(аз дигарон) ҳастед, (ва пирӯзӣ ва беҳбудӣ аз они шумост) агар ба рости мӯмин бошед (ва бар имон давом дошта бошед».(Сураи Оли Имрон ояи 139).

Яъне шумо дар ҳар ҳолат бартар ҳастед, бартар аз нигоҳи санад ва далел, бартар аз нигоҳи мабодӣ, бартар аз нигоҳи манҳаҷ ва равиш...

Лизо ба сароҳат ва ифтихорона баён дошт, ки асос ва таҳкурсии мо, асоси аслист, бо таваҷҷӯҳ ба дақоиқи офтобгунаи Исломи азиз дар ҳоле, ки бидуни шак Қуръони мо Қуръони бо азамат ва ҷалил ва санади мо Парвардигори беҳтар ва бартар буда, пас ба таври возеҳ гуфт, чӣ гуна ӯ қавми залилу хор мешавад, ки Аллоҳ санади он бошад ва чӣ гуна залил мешавад он қавме, ки Аллоҳ раб ва мавлои он бошад ва чӣ тавр он қавм залил мешавад, ки пешво ва расули он, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) беҳтарин ва афзалтарин Анбиё бошад ва дар ниҳоят чӣ гуна залилу хор мешавад он уммате, ки дини онҳо, дини муқдддаси Ислом бошад.

Аз ҳамин сабаб, бар мо лозим аст, ки ба Исломи азизи хеш, ифтихор намоем ва ба иззату сарбаландӣ, шарафу бузургии он, эҳсос кунем, рӯзе, ки Аллоҳи мутаъол моро мусалмон халқ кардааст.

Ҳаройина, Аллоҳи мутаъол дар китоби муқаддасаш, Қуръони маҷид, муваффақ касонеро, ки гумон намуданд, ин, ки мабда ва асоси шараф ва бузургию авлавият дар дунё ва ниҳоятан касби саъодати ҳамешагӣ, таҳсил ва ҷамъ намудани амвол ва амлоки дунёст, ба сароҳат рад фармудааст, яъне мефармояд:

«Чаро ин Қуръон бар марди бузургворе аз яке аз ду шаҳр (Макка ва Тоиф), фуру фиристода нашудааст?, оё онон раҳмати Парвардигори туро тақсим мекунанд (ва калиди рисолатро ба дар кас, ки бихоҳанд, месупоранд). Ин моем, ки маъишати ононро дар зиндагии дунё дар миёнашон тақсим кардаем ва бархеро бар бархи дигаре бартариҳое додаем, то баъзе аз онон баъзе дигареро ба кор гиранд (ва ба якдигар хидмат кунанд). Ва раҳмати Парвардигорат аз тамоми он чӣ ҷамоварӣ мекунанд, беҳтар аст, (ки Нубуват аст ва Нубуват аз ҳамаи мақомот бартар аст». (Сураи Зухруф ояҳои 31 32).

Пас шарафу бузурги ба имконоти модди, монанди қасрҳо, амвол, қудрат ва насаб нест, балки шарофату бузургии инсон дар инаст, ки бандаи хоси Парвардигори замину осмонҳо бошад ва ҳамчунон бартарӣ ва бузургӣ дар инаст, ки аз авлиё ва дустони Аллоҳ таъоло бошад, яъне касоне, ки аъмоли солеҳ анҷом доданд ва аз муҳаррамот иҷтиноб варзидаанд ва солеҳину накӯкоронро, дуст медоранд.

Ва ҳамчунон аз ҷумлаи авсофи инсони мусалмони бошарафу боиззат дар назди Парвардигори мутаъол, ин буда, замоне, ки шахс муттақӣ, парҳезгор ва Худотарсро мебинад, эҳсоси хушӣ мекунад, қалбаш пур аз муҳаббат мешавад ва вайро дӯст медорад, яъне аломоти ризоят ва хушнудӣ бар ҳолоти вай зоҳир мегардад.

Вале замоне, ки бо кофир ва инсонҳои бадбахт, носипос ва дорандагони амалҳои бад, рӯ ба рӯ мешавад, ва агар чӣ он шахс дар зоҳир зебо ва фиребанда бошад, барои ин, ки нишонаҳои нофармонии Аллоҳ таъоло дар вуҷуди ӯ мушоҳида мегардад, шадидан нороҳат мешавад, ҳолати қаҳр, ғусса, ғамгин ва норизоятӣ бар он ҳукмфармо мешавад.

Тавре, ки Аллоҳи мутаъол мефармояд:

«Ҳангоме, ки эшонро мебинӣ, пайкару симояшон туро мегирад ва ба шигифт меоварад (ва ба худ мегуй: чй инсонҳои бовиқор ва барозандаҳое) ва ҳангоме, ки ба сухан мепардозанд, (ба иллати ҳаловати каломашон) ба суханонашон гӯш фаро медиҳӣ, (бовуҷуди ин ҷазбаи симо ва гироии гуфтор) онон монанди чубҳое ҳастанд, ки (бар девор) такя дода шуда бошанд, (беҷону беимон, ҳайкалҳои дарунхолӣ, дарунҳои бенуру сафо, нақшҳои бар дару девордо». (Сураи Мунофиқун ояи 4).

Пас андомҳои баландқомат ва шаклҳои дар назар фиребанда, дар ҳоле, ки қалбҳо мамлу аз кудурат ва нофармонӣ ва носипосии Худованди мутаъол пур бошад, дар ҳақиқат бидун шак инсонро ба сӯи табоҳии абадӣ мекашонад, яъне қалбҳои афроди гумроҳро бо ҷолибияти зоҳирӣ сохтагӣ набояд моро таҳти таъсир қарор диҳад ва ба ин гуна ашхос эътимод намуд, балки аз касоне пайравӣ вамутобиат кард, ки дар тақво ва парҳезгорӣ, мисол ва дар дини муқаддаси Ислом, улгу ва намуна бошанд, монанди асҳоби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва соири бузургони салафи солеҳ, ки аз дунё минҳайси василаи маъқул ва расидан ба ҳадафи поки охират, истифода намуданд, камӣ ва зиёдати онро дар ҳаёти тайибаашон баршумурданд, аммо эшон таҳти таъсири он қарор нагирифтанд, ба хотири касби ризои Парвардигори ҷалла ҷалолуҳу ва Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи васаллам), ҳеҷ чизе монеъи онҳо нашуд ва чунончӣ бархи аъзами онҳо дар садри Ислом ба андак таъоме, яъне нони ҷавини хушк, ё хурмо бо об, зиндагиашонро сипарӣ менамуданд. Дар роҳҳо ва фазоӣ бечатр, шабҳои торро субҳ мекарданд, яъне бидуни искон мехобиданд, ки ҳаёти риққатбори Асҳоби бузургвор дар гирду атрофи Масҷиди Набавӣ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) далолат бар ин дорад валокин бояд возеҳ кард, ки Аллоҳи меҳрубон ба қиёфаи зоҳирии сиёҳӣ ва сафедии эшон надида, балки ба қалбҳои мамлу аз муҳаббати эшон, ки нисбат ба Аллоҳи ҷалла ҷалолуҳу ва Расули муборакаш, доштанд, назар афканд ва ба Исломи азиз ҳидояташон намуд, ки дар ниҳоят ба воқеъияти дар як азон ҷаноби олиашон муқтадои ҳидоятёфтагони башарият, қарор гиританд.

Биноан бо таваҷҷӯҳ ба ибороти фавқ, чунин паём мегирем, ки эй инсон! Ту бидуни Ислом, сифр ҳасти!