Оё мардум Аллоҳро мебинанд ё на?

Дуо кунем, ки Аллоҳ мову шуморо ба дидори Худаш мушарраф  бигардонад. Масъалаи  дидори Аллоҳ, масъалаест, ки донистани он муҳим ва зарурист. Оё халқ(мардум) Аллоҳро мебинанд ё на?
1) Ҷаҳмиҳо, Рофизиҳо ва Муътазилаҳо мегӯянд, ки Аллоҳро дида намешавад, чаро ки дидор фақат барои ҷисм аст ва боз мегӯянд, ки Аллоҳ ғайри ҷисм аст ва ӯро дида намешавад. Бо ин суханҳояшон дидори Аллоҳро дар охират инкор мекунанд. Аз  Аллоҳ офиятро талаб дорем.

2) Ва баъзе аз фирқаҳои суфӣ мегӯянд, ки Аллоҳро дар ин дунё ва дар охират дида мешавад. 3)Қавли саввум қавли гуруҳи ҳақ аст, ки онҳо мегӯянд, Аллоҳ таъолоро дар рӯзи Қиёмат дида мешавад ва он гуруҳе, ки Аллоҳ таъолоро мебинанд, аҳли Ҷаннат  ҳастанд. Аммо  дар ин дунё Аллоҳро дида намешавад, барои ҳамин мардум дар ин дунё гуфтугӯи дидори Аллоҳро намекунанд. Дар он замоне, ки Мусо алайҳимус-салом талаб кард дидори Аллоҳро дар ин дунё, Аллоҳ дар ҷавоб гуфт.

وَلَمَّا جَاءَ مُوسَى لِمِيقَاتِنَا وَكَلَّمَهُ رَبُّهُ قَالَ رَبِّ أَرِنِي أَنْظُرْ إِلَيْكَ قَالَ لَنْ تَرَانِي وَلَكِنِ انْظُرْ إِلَى الْجَبَلِ فَإِنِ اسْتَقَرَّ مَكَانَهُ فَسَوْفَ تَرَانِي فَلَمَّا تَجَلَّى رَبُّهُ لِلْجَبَلِ جَعَلَهُ دَكًّا وَخَرَّ مُوسَى صَعِقًا فَلَمَّا أَفَاقَ قَالَ سُبْحَانَكَ تُبْتُ إِلَيْكَ وَأَنَا أَوَّلُ الْمُؤْمِنِينَ (143)

Чун Мӯсо ба миъодгоҳи (ваъдагоҳи) мо омад ва Парвардигораш бо ӯ сухан гуфт, гуфт: Эй Парвардигори ман, бинамой, то дар ту назар кунам». Гуфт: Ҳаргиз Маро нахоҳӣ дид. Ба он кӯҳ бингар. Агар бар ҷои худ қарор ёфт, ту низ Маро хоҳӣ дид». Чун Парвардигораш ба он кӯҳ таҷаллӣ кард, кӯҳро ба замин яксон кард ва Мӯсо беҳуш бияфтод. Чун ба хуш омад, гуфт: «Ту покӣ, ба Ту бозгаштам ва ман нахустини мӯъминонам» (Сураи Ароф ояи 143).

Ҳамон кӯҳи бузург хок гашт, дар азамати Парвардигор ва чихел мешавад, ки одамизод бигуяд, ман Парвардигорамро дар ҳамин дунё мебинам. Дар  охират Аллоҳ таъоло ба аҳли Ҷаннат қуввае медиҳад, ки Аллоҳро дида метавонанд, Аллоҳ ба аҳли Ҷаннат икром мекунад. Аммо  куффор аз дидори Аллоҳ  дар охират маҳрум ҳастанд, чигунае ки дар ин дунё ба дидори Аллоҳ имон надоштанд.

كَلَّا إِنَّهُمْ عَنْ رَبِّهِمْ يَوْمَئِذٍ لَمَحْجُوبُونَ (15)

Ҳаққо, ки дар он рӯз аз (дидори) Парвардигорашон маҳҷуб (маҳрум) бошанд. (Сураи Мутаффифин ояи 15).

Вақте, ки кофирон аз дидори Аллоҳ маҳрум ҳастанд, аз ин фаҳмида мешавад, ки муъминони аҳли Ҷаннат Парвардигорашонро мебинанд. Аллоҳ фарқ кунонидааст дар байнашон ва барои аҳли Ҷаннат икром кардааст ин неъматашро, чихеле ки лоиқ аст, бар ҷалолаш. Аҳли Ҷаннат Парвардигорашонро бе ягон музоҳима мебинанд, чихеле, ки моҳтобро дар шаби бадр дида мешавад. Ин ақидаи мазҳаби аҳли суннат аст. Аллоҳ мефармояд.

لِلَّذِينَ أَحْسَنُوا الْحُسْنَى وَزِيَادَةٌ

Музди онон, ки некӣ мекунанд, некист ва чизе афзун бар он. (Сураи Юнус ояи 26).

(الْحُسْنَى)ин Ҷаннат аст ( وَزِيَادَةٌ) ин назар кардан ба ваҷҳи Аллоҳ аст.

Аллоҳ  таъоло мефармояд:

وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَاضِرَةٌ (22) إِلَى رَبِّهَا نَاظِرَةٌ (23)

Дар он рӯз рӯйҳое ҳаст зебову дурахшон, ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд.(Сураи Қиёмат ояҳои 22-23).

فَمَنْ كَانَ يَرْجُو لِقَاءَ رَبِّهِ فَلْيَعْمَلْ عَمَلًا صَالِحًا وَلَا يُشْرِكْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِ أَحَدًا 

Ҳар кас ба дидори Парвардигори худ умед мебандад, бояд кирдори шоиста дошта бошад ва дар парастиши Парвардигораш ҳеҷ касро шарик насозад». (Сураи Каҳф ояи 110).

Ва қавли Аллоҳ таъоло,ки ба Мусо алайҳиссалом гуфт:

( قَالَ لَنْ تَرَانِي)

Гуфт: Ҳаргиз Маро нахоҳӣ дид.(Сураи Аъроф ояи 143).

Ин маънояш нафи кардани абадӣ нест, балки дар ин дунё аст. Ба далели инки дидори Аллоҳ собит шудааст барои охират. Ва аҳли луғат мегӯянд, ки( لَنْ) нафии абадӣ нест, балки нафии муваққат аст.Ва дар ҳадис омадааст:

عن جَرِير قَالَ خَرَجَ عَلَيْنَا رَسُولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم لَيْلَةَ الْبَدْرِ فَقَالَ إِنَّكُمْ سَتَرَوْنَ رَبَّكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ كَمَا تَرَوْنَ هَذَا لاَ تُضَامُّونَ فِي رُؤْيَتِهِ.

Аз Ҷарир(разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шаби Бадр ба пеши мо хориҷ шуд ва гуфт албатта шумо Парвардигори худро мебинед рузи қиёмат чигунае,ки ин моҳро мебинед ва музоҳима намекунед дар дидораш.

Ва дар охир дуъо кунем, ки Аллоҳ мову шуморо ҷаннати Фирдавс ва ба дидори Худаш насибамон гардонад  ва мову шуморо аз гуруҳи гумроҳшудагон нагардонад,  Омин..