Бародароне, ки дар русия кор мекунанд оё намозҳояшонро пура мехонанд ва ё қаср?

Ҷавоб: Агар шахсе дар ягон ҷое сукунат карда нияти иқоматро накунад, намози худро қаср мехонад агарчи солҳо ҳам бигзарад, дар ин масъала иҷмои уламои ислом аст, тавре, ки иҷмои уламоро Имом Тирмизӣ ва Имом ибни Мунзир нақл мекунанд. Имом Тирмизӣ раҳимаҳуллоҳ мефармояд:

أَجْمَعَ أَهْلُ الْعِلْمِ عَلَى أَنَّ الْمُسَافِرَ يَقْصُرُ مَا لَمْ يُجْمِعْ إِقَامَةً وَإِنْ أَتَى عَلَيْهِ سِنُونَ

Тарҷума: Иҷмо намудаанд уламо бар ин, ки мусофир қаср мехонад то вақте, ки нияти сукунат ва иқоматро накарда бошад, агарчи солҳо ҳам бигзарад.  (Сунани Тирмизӣ/ҷ,2.с, 405).

Тавре, ки Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) дар Озорбойҷон 6 моҳ истодшуд дар ҳоле, ки қаср мехонд.(Зодул муод/ҷ,3.с,488).

Аммо агар шахси мусофир нияти иқомати чанд рӯзаро кунад, масалан 10 ва ё 20, пас дар ин сурат миёни уламо ихтилоф аст, тақрибан то 21 қавл мебошад, сабаби ихтилофи уламо дар ин масъала валлоҳу аълам набудани далели саҳеҳу ошкоро мебошад, бинобар ин қавли қави ва роҷиҳ дар ин масъала ин аст: То вақте, ки шахси мусофир нияти иқомат накунад намози худро қаср мехонад. Агарчи донад, ки 20 рӯз ҳам дар онҷо сукунат мекунад, тавре, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҷанги Табук 20 рӯз онҷо истодаанд, дар ҳоле, ки намози худро қаср мехонданд ва дар фатҳи Макка 18 ва ё 19 рӯз истодаанд, дар ҳоле, ки намози худро қаср мехонданд. Аммо қали уламое, ки сафарро ба рӯзҳо таъин мекунанд ва мегуянд, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) 20 ва ё 19 рӯз ният накарда буд, ин як эҳтимолест, онҳо зикр мекунанд. Ин масъаларо Аллома ибни Қайим (раҳимаҳуллоҳ) ба тафсил зикр намудаанд.(Зодул Муод/ҷ,3.с,488).

Хулосаи масъала: Бинобар ин бародароне, ки дар русия кор мекунанд намозҳои худро қаср мехонанд то вақте, ки нияти иқомати асли накарда бошанд, яъне то вақте, ки онҷоро ба мисли ватани асли худ нагардонида бошанд.