Ҳидояти Аллоҳ  чизи гаронбаҳову камёбаст.

            Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Алссалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Бародарон ва хоҳарони муҳтарам банда дар ин чанд ҷумла дар бораи аҳмият ва гаронбаҳо будани ҳидояти Илоҳӣ суҳбат мекунам. Ҳидояте, ки мо дар бораи он суҳбат хоҳем кард ин аст, ки Аллоҳ таъоло инсонро ба нури Тавҳид ва ҳаққияти рисолат ва бар гузидагии дини Ислом чашмҳояшро пурра боз карда ӯро ба он роҳу ҷодаи дуруст равон месозад, ки дар рафтораш каҷиву инҳирофе намебошад. Дуруст аст, ки аз инсон гуноҳ сар мезанад, вале на ба ин сурат, ки бар идома бахшида аз боз гашт ба сӯӣ Аллоҳ ғофилу фаромуширо ихтиёр кунад. Аллоҳ таъоло дар Қуръон ошкоран фармуда аст, ки ҳидоятро бо касоне ато мефармояд, ки ба сӯӣ Ӯ боз гашту илтифот доранд, тавре ки дар сураи Шӯро мефармояд:

يَجْتَبِي إِلَيْهِ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي إِلَيْهِ مَنْ يُنِيبُ

Тарҷума: Аллоҳ ҳар киро хоҳад, барои паёмбарии Худ интихоб мекунад ва ҳар киро ба ӯ бозгардад, ба Худ роҳ менамояд.(Сураи Шуро, ояти/13).

Бар ҳамин маъно низ Аллоҳ таъоло дар сураи Раъд мефармояд:

قُلْ إِنَّ اللَّهَ يُضِلُّ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي إِلَيْهِ مَنْ أَنَابَ

Тарҷума: Бигӯ: « Аллоҳ ҳар киро бихоҳад, гумроҳ мекунад. Ва ҳар киро ба даргоҳи Ӯ рӯй кунад, ҳидоят мекунад».(Сураи Раъд, ояти/27).

Аз ин оятиҳои карима ошкоро маълум гардид, ки Аллоҳ таъоло ба дин ва роҳи Худ касонеро ҳидояту роҳнамои мекунад, ки ба сӯӣ Аллоҳ ва динаш инобату  бозгашт доранд, яъне касоне, ки онҳо амалҳоеро анҷом медиҳанд то ба Аллоҳ наздик шуда сабаби ҳидояту роҳ ёфтанашон гардад. Аммо касоне, ки танҳо иддаъои Ислому мусалмонӣ доранд, вале ба сӯӣ Аллоҳ ва аҳкомоташ тавҷҷӯҳу нигоҳе намекунанд, албатта Аллоҳ таъоло онҳоро ҳидоят нахоҳад кард.

Имом Ибни Ҷарири Табарӣ раҳимаҳуллоҳ дар тафсири ин оят қавли Имом Муҷоҳид раҳимаҳуллоҳро нақл мекунад, мефармояд:

حدثني محمد بن عمرو، قال: ثنا أبو عاصم، قال ثنا عيسى، وحدثني الحارث، قال: ثنا الحسن، قال: ثنا ورقاء جميعا، عن ابن أبي نجيح، عن مجاهد، قوله:   ( اللَّهُ يَجْتَبِي إِلَيْهِ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي إِلَيْهِ مَنْ يُنِيبُ ) يقول: ويوفق للعمل بطاعته، واتباع ما بعث به نبيه عليه الصلاة والسلام من الحق من أقبل إلى طاعته، وراجع التوبة من معاصيه.

Тарҷума: Яъне Аллоҳ таъоло тавфиқ медиҳад баҳри амал ба тоату ибодати хеш ва пайрави ба ончи, ки ба сӯӣ Расулаш саллаллоҳу алайҳи васаллам, фиристода аст, яъне ба сӯӣ ҳаққ, шахсеро ки ба сӯӣ тоати Аллоҳ рӯ оварда аз гуноҳонаш тавба карда аст. (Тафсири Табарӣ/ҷ,21.с,514).

Низ Аллома Абу Бакри Ал-Ҷазоирӣ дар тафсири ин ояти мефармояд:

أي ويوفق لطاعته من ينيب إليه في أموره ويرجع إليه في جميع شأنه ، بخلاف المعرضين المستكبرين

Тарҷума: Яъне Аллоҳ таъоло тавфиқ медиҳад ба тоату ибодати худ шахсеро, ки ба сӯӣ Ӯ дар корҳояш боз гашту инобат дорад ва дар тамоми ҳолатҳояш ба сӯӣ Ӯ бозгашт мекунад, ба акси касоне, ки саркаши карда кибр меварзанд. (Айсаруттафосир/ҷ,3.с,494).

То масъала ошкору равшан гардад, мисоле матраҳ менамоям, мисол ин аст, ки дар замони мову шумо бо ин, ки илму донишу таълимот тараққи ёфта аст, боз ҳам мебинем, ки мардуми мусалмон аз ҳақиқати дини Ислом ғофилу бехабаранд ва мухталифу гуногун асбоб ва рӯйдодҳое рух дода аст, ки ҳама доъи ва сабабанд то мардуми мусалмон барпо бархоста дар муқобили зулму ситам ва таҷовузе, ки дар муқобили Ислому мусалмонон сурат мегирад дифо карда онро хомуш созанд, балки омилону асосгузорони ин амали зиштро ба муҷозот кашонанд, вале мутаасифон мардум дар хоби ғафлатанд, садое баланд намешавад, то мардуми мусалмон аз ин хоби ғафлат бархезанд, ин садоро кадом ашхос балан месозад? Онҳо кадом гӯруҳ мардум мебошанд? Онҳо ба кадом сифот ёд мешаванд? Онҳо чи вазифа доранд? Бар ҳар шахси оқилу бофаҳм маълум аст, ки ин садои ҳаққро уламо ва ворисони Паёмбарон алайҳимуссалом анҷом медиҳанд. Дар ватани мову шумо (Тоҷикистон) тоҳол ҳамин сухан монда аст, ки раиси ҷумҳур ба забон гуяд, ки ман Илоҳ ҳастам, манро парастиш кунед, аммо боқи кирдореро, ки анҷом медиҳад ҳама гувоҳу шоҳиданд, ки Эмомали даъвои илоҳу маъбуд буданро дорад, ки бояд ба ҷуз Аллоҳ таъоло парастиш карда шавад. Дуруст аст, ки Эмомали ба мардум нагуфтааст, ки манро парастиш кунед ва низ худро Илоҳ ва парвардигори мардум эълон накарда аст, вале ҳама кирдоре, ки аз ӯ сар мезанад, гувоҳу далеланд, ки ҳамин иддаоро дорад, ба монанди манъ намудани мусалмонон аз ҳиҷоби исолмӣ, аз риш, туйҳои исломӣ, аз рафтан ба масҷид барои ҷавонон то 18 солагӣ, банд кардани масҷидҳо ба баҳонае, ки коғазу ҳуҷҷат надоранд, табдил намудани масҷидҳо ба шифохонаҳои хурд, банди кардани уламову толибилмони дин, банди намудани мусалмонон аз даъват ба сӯӣ дин, ба монанди таблиғиҳо, ки ба сиёсат ба ҳеҷ гуна даст надоранд, манъ кардан мусалмонон аз таълими дин дар кишваҳои исоломӣ,  куштану банди намудани мусалмонон ба хотире, ки аз дину номуси исломиашон дифо мекунанд, боз ҳам мебинем, ки уламо хомуш нишаста лабҳои худро ба гуфтани ҳаққ боз намекунанд, сабаби ин дар охир зикр хоҳад шуд, ки дури аз дини Аллоҳ таъолост. Далел ба ончи, ки мо гуфтем, ки Эмомали иддаои Илоҳ буданро дорад, ин аст, ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ وَالْمَسِيحَ ابْنَ مَرْيَمَ وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا إِلَهًا وَاحِدًا لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ سُبْحَانَهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ

Тарҷума: Олимону обидони хеш ва Масеҳ — писари Марямро ба ҷои Аллоҳ ба Маъбудӣ гирифтанд ва ҳол он, ки маъмур буданд, ки танҳо як Аллоҳро бипарастанд, ки ҳеҷ Маъбуде ҷуз Ӯ нест. Пок аст аз он чӣ шарикаш месозанд! (Сураи Тавба, ояти /31).

Аллоҳ таъоло дар ин оят ошкор баён намуда аст, ки Бани Исроил Олимону обидони хеш ва Масеҳ алайҳисаломро дар ҷои илоҳу маъбуд қарор доданд, бо он, ки онҳоро ба ҷуз аз Аллоҳ саҷида ва дар наздашон рукуъ намекарданд, балки онҳоро дар хилофи фармудаҳои Аллоҳ пайрави намуданд, ки ин маънои илоҳу маъбуд қарор доданро нишон медиҳад, агарчи шахсе, ки пайрави мешавад онҳоро ба ин кор фармон надода бошад, балки барои иддао илоҳу маъбуд буданаш танҳо ризои ӯ ба ин кор кофиву басанда мебошад.

Мақсади банда дар ин суханаи хеш беҳурмативу беэҳтироми дар шаъни уламо нест, балки расонидани сухане то сабаби бедори уламо гардад, зеро вақто, ки уламо дар ҳар замону ҳар макон, ки ба корҳои ношоиста даст заданд албатта мардуми ом аз он ба бадтарин гуноҳ даст мезананд, вале матаасифона бештари уламо ба ин гуна масоили бузург назаре намекунанд, маълум шуд, ки ҳидояти Илоҳӣ хеле чизи гаронбаҳову камёб  мебошад.

Хулоса ин, ки ин ҳама ба сабаби тарки инобату бозгаш ва тавбаи насуҳ аз зери дил мебошад, тавр ки аз ояти карима ба шарҳу тафсири уламои киром маълум гардид, вагарна Аллоҳ таъоло дар майдони гуноҳ ва дар ҳари маъсият намегузорад шахсеро, ки ба сӯӣ Ӯ тавбаи насуҳ карда бозгашту инобат мекунад, зеро дар ваъдаи Аллоҳ хилофе нест. Бинбар ин уммати мусалмон хору расво дан назди писарони хукону бузинаҳо гаштаанд, зеро бозгашт инобат ба сӯӣ Аллоҳ таъолоро тарк намуданд, вақто ки инро тарк карданд Аллоҳ таъоло дунёро дар наздашон болову бузург қарор дод, билохира ба сӯӣ дунё рӯй оварда ба хоҳишоти хеш масруфу машғул шуданд, ин ҳангом марг ба наздашон бад гардиду дунё маҳбубу муаззаз сипас ба ҳолоти имрӯза дучор шуданд, мисдоқу ҳақиқати ин сухан дар ҳадиси Савбон разияллоҳу анҳуаст:

عَنْ ثَوْبَانَ قَالَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُوشِكُ الْأُمَمُ أَنْ تَدَاعَى عَلَيْكُمْ كَمَا تَدَاعَى الْأَكَلَةُ إِلَى قَصْعَتِهَا فَقَالَ قَائِلٌ وَمِنْ قِلَّةٍ نَحْنُ يَوْمَئِذٍ ؟قَالَ بَلْ أَنْتُمْ يَوْمَئِذٍ كَثِيرٌ وَلَكِنَّكُمْ غُثَاءٌ كَغُثَاءِ السَّيْلِ وَلَيَنْزَعَنَّ اللَّهُ مِنْ صُدُورِ عَدُوِّكُمْ الْمَهَابَةَ مِنْكُمْ وَلَيَقْذِفَنَّ اللَّهُ فِي قُلُوبِكُمْ الْوَهْنَ فَقَالَ قَائِلٌ يَا رَسُولَ اللَّهِ وَمَا الْوَهْنُ قَالَ حُبُّ الدُّنْيَا وَكَرَاهِيَةُ الْمَوْتِ

Тарҷума: Аз Савбон разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуд: Қариб аст, ки миллатҳои (куфрӣ) якдигарро ба хотири ҳамла бар болои шумо бихонанд, читавре ки мардумро барои хурок хонда мешавад, шахсе суол кард: ба сабаби кам будани мо дар он рӯз? Фармуд: балки шумо дар он рӯз бисёр ҳастед, вале шумо ба монанди кафки болои селоб мебошед, албатта Аллоҳ таъоло аз дилҳои душманонатон тарси шуморо берун карда ва дар дилҳои шумо “ваҳн” ро андохта аст, шахсе суол кард, ки эй Расули Аллоҳ! Ваҳн чист? Фармуд: муҳаббат ба дунё ва бад дидани марг .(Муснади Аҳмад/21363-22397. Сунани Абу Довуд/3745. Муснади Абу Довуди Таёлисӣ/992-1085).

Аллоҳ таъоло низ дар Қуръон мефармояд, ки Қуръон парҳезронро ҳидоят мекунад, яъне касонеро, ки ба гуфтҳои Аллоҳ таъоло чанг зада амал мекунанд:

ذَلِكَ الْكِتَابُ لَا رَيْبَ فِيهِ هُدًى لِلْمُتَّقِينَ

Тарҷума: Ин аст ҳамон китобе, ки дар он ҳеҷ шакке нест. Парҳезгоронро роҳнамост. (Сураи Бақара, ояти/2).

Муттақиён касоне мебошанд, ки ба ончи Аллоҳ таъоло фармон дода аст, онро анҷом медиҳанд ва аз ончи, ки манъ ва наҳе карда аст аз он боз меистанд. Бинобар ин бояд мову шумо ҳамеша аз Аллоҳ таъоло дуо ва суол кунем то моро аз ҷумлаи Муттақиён, инобаткунандагон бигардонаду ба роҳи рост ҳидоятамон кунад