Аз хоҳари дардманд ба хоҳарони ҳамватан!

Хоҳарони мусалмонам!

Худованди маннонро сипосгузорем, ки моро ба неъмати Ислом ва Имон, муаззаз сохт ва тавфиқи тоату бандагӣ, ато фармуд.

Алҳамдулиллоҳ мо ҳама мусалмонем, мусалмон таваллуд шудаем, дар Ислом парвариш ёфтаем, бо Ислом зиндагӣ мекунем ва орзӯ дорем хотимаи мо бо Ислом бошад ва бо дастовези Ислом ба сӯи Аллоҳ- маъбуди ҳақиқии худ- баргардем ва ба саъодати ҷовидонӣ, ноил шавем.

Хоҳарони мусалмонам!

Шумо хуб медонед, ки мусалмонӣ танҳо ба намозу рӯза, нест, балки замоне мусалмони воқеъӣ ба шумор меравем, ки дар тамоми умури зиндагӣ, аз аҳкоми  Аллоҳ таъоло, ки барои саодати мо фиристода аст, пайравӣ намоем, то дар дунё зиндагии саодатмандеро насиб шавем ва дар охират аз азоби Илоҳӣ наҷот ёфта ва дар биҳишти ҷовидон, дар миёни неъматҳое, ки ҳеҷ чашме онро надида ва ҳеҷ гуше васфи онро нашунида ва ҳеҷ ақле тасаввури онҳоро накардааст, барои ҳамеша, қарор бигирем.

Хоҳарони мусалмонам!

Мо, ки орзӯ дорем, мусалмони комил ва назди Аллоҳ азиз ва сарбаланд бошем, оё то ҳол аз худ пурсидаем, ки рӯзии ҳалол чӣ қадар муҳим ва боарзиш аст ва то чӣ ҳад моро дар дунё хушбахт ва дар охират сарафроз месозад? Ва аз тарафи дигар, оё аз худ пурсидаем, ки рӯзии ҳаром чӣ қадар зиндагии моро тираву тор месозад? Ва то чӣ ҳад таъсири баде рӯи фарзандон ва шавҳарони мо, мегузорад ва чӣ қадар моро ба азоби охират, гирифтор мегардонад?.

Агар мехоҳед инро бештар бидонед, аз ман бишнавед, то ба шумо бигӯям, ки рӯзии ҳаром:

Қалбҳоро сиёҳ мегардонад.

Оромишро аз инсон меситонад.

Фарзандонро густох ва бетарбият ва шавҳаронро золим ва ҳавасбоз мегардонад.

Баракатро аз зиндагӣ дур месозад.

Тавфиқи тоатро аз инсон салб намуда ва нафсу шайтонро бар инсон мусаллат мезозад.

Меҳру муҳаббатро аз миён мебарад ва нафрату кинаро ба вуҷуд меоварад.

Ва билохира инсонро ба азоби сахти Худованд ва оташи сӯзони ҷаҳаннам, гирифтор месозад.

Хоҳарони мусалмонам!

Оё то ба ҳол аз худ пурсидаед?, рӯзие, ки марди хона барои мо меоварад, мабодо- Худонохоста- аз суду қимор бошад! Мабодо аз ривша ва ихтилос бошад! Мабодо аз ғасбу дуздӣ бошад! Мабодо аз хиёнату кулоҳбардорӣ дар муомалот бошад! Ва ё мабодо аз ҳаққи ятим ва ғасби мероси дигарон ва ё аз кадом ҳароми дигар бошад!...

Хоҳарони мусалмонам!

Оё медонед, ки Аллоҳи мутаъол ва Расули гиромии Ӯ(саллаллоҳу алайҳи васаллам), дар бораи ҳаромҳои ёдшуда, чӣ гуфтаанд? Агар мехоҳед бештар бидонед, пас бишнавед!

Аллоҳи мутаъол дар Қуръони маҷид судхуриро эълони ҷанг бо худ ва Расули худ қарор додааст. Оё касе аз мову шумо тоқати ҷанг бо Худо ва расули ӯро дорад? (Сураи Бақара 279).

Рившатро сабаби гирифтор шудан ба нафрину лаънати Парвардигор - ҳам барои касе, ки мегирад ва ҳам барои касе, ки медиҳад ва ё восита мешавад- зикр кардааст. Оё касе аз мову шумо тобу таҳаммули нафрину лаънати Парвардигорро дорад? (Ҷомеъул-аҳодис).

Хурдани моли ятимро, оташ афкандан дар шикам хондааст, то касе, ки моли ятимро мехурад, бидонад, ки дар ҳақиқат ғизо ва чизи бомазае нахурда, балки оташро дар шикамаш дохил кардааст. Оё дар саҳрои сӯзони маҳшар касе аз мову шумо тоби инро дорад, ки аз дарунаш шӯълаҳои оташ фаввора занад ва ҳамаи ҳастии ӯро бисӯзонад? (Сураи Нисо 10).

Ғасб ва баноҳақ гирифтани заминро, сабаби тавқ шудани он замин аз ҳафт табақа бар гардани ғосиб дар рӯзи қиёмат гуфтааст. (Саҳеҳи Муслим).

Хиёнату кулоҳбардорӣ  дар муомилот, монанди дуруғ ва қасами ноҳақ, фиреб ва найрангбозӣ ва пушидани айби молро, ки ҳоло мутаассифона назди бисёре аз мардум оддӣ шудааст, сабаби безории Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дониста аст.

Хоҳарони мусалмонам!

Биёед нафрату эҳсоси хатар аз ҳаромро аз Асҳоби гиромии Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) биёмӯзем, то хатару зарари ҳаромро беҳтар бишиносем. Дар китоби «Ҳуллиятул-авлиё» нақл шудааст, ки касе барои ҷаноби Абӯбакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) таъоме дод, баъд аз ин, ки эшон он таъомро хурданд, ба эшон гуфта шуд, ки он таъом аз меҳнати ҳалоле таҳият нашудааст. Эшон, ки ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ набуданд, зарае аз ҳаром ҷузъи гушту хуни баданашон бигардад, даст ба гулӯ андохтанд ва бо заҳмати зиёд, ки наздик буд аз он беҳуш шаванд, он ғизоро аз худ дафъ карданд ва чун ба эшон гуфта шуд, ки чаро ин ҳама худро ба заҳмат андохтед? Фармуданд: агар ҷонам ҳам мебаромад, ман дастбардор набудам, зеро ман аз Русули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шунидам, ки мефармуданд: «Ҳар ҷисме, ки аз ҳаром парвариш ёбад, оташи ҷаҳаннам барояш сазовортар аст». (ривоят аз ҷомеъуссағир).

Пас мувозиб бошем, мабодо Аллоҳ нохоста вуҷуди мо аз ҳаром парвариш ёбад ва дар охират ба шӯълаҳои сӯзони оташи ҷаҳаннам мубаддал шавад.

Хоҳарони мусалмонам!

Шумо донистед, ки ҳаром дар дунё ва охират чӣ балое бар сари инсон меоварад, аммо оё дӯст доред, бишнавед, ки парҳез аз ҳаром  ва таъмини зиндагӣ аз меҳнати ҳалол, чӣ дараҷа ва мақоме назди Аллоҳ таъоло насиби инсон месозад? Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам), ки сару ҷони мо фидои эшон бод, хитоб ба ману шумо, уммати худ мефармояд:

Аз ҳаромҳо дӯрӣ биҷӯ, то обидтарин бандагони Аллоҳ бошӣ. (Ривояти Тирмизӣ).

Хушо ба саъодат мусалмоне, ки агар чӣ аҳли намози таҳаҷҷуд ва ҳаҷҳои фаровон ҳам набошад, аммо бо пок кардани соҳаи зиндагии худ аз ҳаромҳо, ба ин мақом ва фазилати бузург, ноил гардад, пас биёед зиндагиро аз тамоми ҳаромҳо ва аъмоли шайтонӣ, пок кунем, то лутфи Парвардигор, ба ин саодати бузург бирасем ва зиндагии дунё ва охирати мо бо хушӣ ва хушбахтӣ, ҳамроҳ бошад.

Дар ин ҷо шояд шумо бигӯед, ки вазифаи мо дар баробари ризқу рӯзӣ, ки марди хона меорад, чист?, аз мо ки коре сохта нест.

Хоҳари мусалмонам!

Дуруст аст, ки масъулияти рӯзии хонавода бар ӯҳдаи мард аст, аммо бешак, ки мову шумо ҳам дар ин бора, мукаллафиятҳои шаръӣ дорем ва барои ҳифзи хонавода аз рӯзии ҳаром, хеле корҳо аз дасти мо сохта аст ва агар мехоҳед бидонед, онҳо кадом аст, пас аз ман бишнавед!

Хоҳарони мусалмонам!, кам аз кам мо ва шумо чанд корро карда метавонем:

1.Бо побандӣ ба ибодат ва тақвои Илоҳӣ ва ин, ки аҳли намоз ва тоъат бошем, аз Аллоҳ таъоло битарсем ва аз гуноҳ дурӣ кунем. Дар он сурат бо ин кори мо ҳатман мардони хона таҳти таъсир қарор гирифта, ба тақво ташвиқ мешаванд ва тавфиқи муроъоти ҳалолу ҳаромро пайдо мекунанд. Пас бибояд ин аввалин қадамро амалӣ кунем. (Аллоҳ таъоло барои ҳамаи мову шумо, ин тавфиқро насиб фармояд!).

2. Насиҳат ва тазаккури давомдор, бале! Насиҳат ва тазаккури давомдор! Шумо медонед, ки ҳар инсоне ниёз ба насиҳат ва тазаккур дорад, пас агар мову шумо ҳамеша мардонро насиҳат кунем ва аз ҳаром ва зарарҳои ҳаромхурӣ барояшон тазаккур диҳем ва аз суду қимор ва ришаву соири ҳаромҳо, он чӣ медонем, бо дилсӯзӣ ва имондорӣ барояшон бигӯем ва аз ҳаром нафрат нишон диҳем ва монанди яке аз занони садри Ислом бор бор барои ноновари хона бигӯем, ки эй мард аз Аллоҳ битарс ва рӯзии ҳаромро ба хуроки мо дохил накун, зеро мо тоқати гуруснагии дунёро дорем, аммо тоқати азоби Аллоҳ  дар охиратро надорем!, иншоАллоҳ ин насиҳатҳо то ҳадди зиёде таъсир хоҳад гузошт.

3. Дуо барои таъмини ризқи ҳалол. Ин саввумин вазифаи мост, коре, ки хеле осон, аммо таъсираш ба лутфи Аллоҳ бисёр зиёдаст. Пас ҳамеша бояд дуо кунем, ки Худоё, моро аз рӯзии ҳаром дур бидор! Худоё ту раво мадор то мо волидайн рӯзии ҳаром ба коми фарзандони худ, бирезем ва ба дасти худ онҳоро ба гумроҳӣ ва шару фасод, бикашонем. Ин дуоҳо иншоАллоҳ қалбҳоро равшан ва сабаби муҳофизати мо аз шари ҳаром мегардад.

Ҳоҳарони мусалмонам!

Агар аз инсоф дур наравем, ин мо занон ҳастем, ки ғолибан мардонро маҷбур мекунем, то ба тарафи ҳаром  ва умури нораво равон шаванд.

Магар ин нест, ки таваққуъоти боло ва беҷои мо, мардонро маҷбур ба ҳаромхурӣ ва тарки тақво мекунад?

Оё мо мардонро таҳти фишор қарор намедиҳем, ки бар ҳар қимате шуда бояд:

Зиндагии мураффаҳе барои мо, фароҳам созанд.

Бояд сохтмоне ба муди  нав барои мо бисозанд.

Бояд фаршу пардаҳои хона ва зарфҳову асбобҳои манзилро баробар ба муди ҷадид барои мо, омода кунанд.

Бояд либосу таҷаммулоте аз фалон модел барои мо харидорӣ намоянд.

Бояд ба ҳеҷ қимате аз касоне, ки бо онҳо чашму ҳамчашмӣ ва ҳасодат дорем, кам наоем.

Ва сад азин боядҳо.

Ҷудо аз ин умур, оё бисёре аз мо занон, дар пухту пази хона ва дар баробари неъматҳо ва имконоти манзил, исроф ва рехту пош, намекунем? Чизҳои манзилро бо бетаваҷҷӯҳӣ, ҳайф ва майл намекунем?

Бале хоҳарони мусалмонам!

Моем, ки ҳамаи ин хоҳишот ва таваққуъоти боло ва бо исрофу бетаваҷҷуҳии худ, дарвозаи номубораки ҳаром ва маъсиятро бар рӯи хона ва хонаводаи худ, боз мекунем.

Пас бибояд ба тавфиқи Парвардигор аз ин пас тасмим бигирем, ки:

Аз ҳаром нафрат дошта бошем.

Ин фармудаи Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро, ки дар саҳеҳи Бухорӣ омада аст, ҳамеша ба ёд дошта бошем, ки фармуданд:

Зан дар хонаи шавҳар ва фарзандони ӯ сарпараст буда ва аз ӯ дар бораи онҳо пурсида хоҳад шуд.

Дигар аз ҳирсу ҳасодат, дурӣ гузида ва аҳли қаноат бошем, қаноате, ки моро иззат  мебахшад ва ганҷи маънавиятро ба мо ба армуғон меоварад.

Заруратҳоро аз ҳавасҳо ҷудо кунем ва авлавиётро шиносои намуда ва аҳамро аз муҳим бишиносем.

Бо таваққуоти беҷо, мардонро маҷбур ба ҳаромхурӣ ва кулоҳ бардорӣ накунем ва дар умури манзил, кумакрасон ва дастгири мардон бошем, ки ҳамеша ин сифати занони бузург будааст.

Аҳли исрофу харҷкори беҳуда набошем ва дар масири имконоти хона, зиёдарӯи накунем ва аз хона ва умури он, ба некуӣ муҳофизат намоем ва ин фармудаи Аллоҳ таъолоро ҳамеша ба ёд дошта бошем:

(...ва исроф накунед, ки ӯ таъоло исрофпешагонро дӯст намедорад...). (Сураи Аъроф ояи 31).

Аз Худованд барои худ ва шумо орзӯи саодати дорайнро дорем.