Оё дуруст аст барои зан то ягон чизро ба ҷуз аз муй дигар инсон ба муй сари худ пайваст кунад ?

Посух: Пайваст кардани муйи инсон ба муйи худ ба иттифоқи уламои Ислом нодуруст буда ҳаром мебошад, тавре ки Имом Нававӣ раҳимаҳуллоҳ мефармояд:

إِنْ وَصَلَتْ شَعْرهَا بِشَعْرِ آدَمِيّ فَهُوَ حَرَام بِلَا خِلَاف ، سَوَاء كَانَ شَعْر رَجُل أَوْ اِمْرَأَة ، وَسَوَاء شَعْر الْمُحَرَّم وَالزَّوْج وَغَيْرهمَا بِلَا خِلَاف لِعُمُومِ الْأَحَادِيث،

Тарҷума: Пайваст ва бандидани зан муйи инсонеро бо муйи худаш бидуни хилоф ҳаром аст, баробар аст, ки муйи мард бошад ва ё муйи зан ва ё муйи ҳаром бошад ва ё аз шаҳараш бошад ва ё аз дигарон, дар ин масъала хилофе нест, зеро ҳадисҳо ом мебошанд. (Шарҳи Нававӣ бар Муслим/ҷ,7.с236).

Ба далели ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Абу Ҳурайра, Оиша ва Асмоа (разияллоҳу анҳум):

حَدَّثَنَا آدَمُ حَدَّثَنَا شُعْبَةُ عَنْ هِشَامِ بْنِ عُرْوَةَ عَنْ امْرَأَتِهِ فَاطِمَةَ عَنْ أَسْمَاءَ بِنْتِ أَبِي بَكْرٍ قَالَتْ لَعَنَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الْوَاصِلَةَ وَالْمُسْتَوْصِلَةَ

Тарҷума: Аз Асмоа духтари Абу Бакр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) лаънат карданд занеро, ки муйи дигаронро пайваст мекунад ва занеро,  ки аз дигар металабад то муяш пайваст карда шавад.(Саҳеҳи Бухорӣ/5480. Саҳеҳи Муслим/3961. Муснади Аҳмад/27457. Ва ғайра).

Аммо хилоф миёни уламо дар ин аст, ки оё пайваст кардани ғайри муй (монанди ришта, лата ва ғайра) ба муйи сар барои зан дуруст аст ё на? Баъзе уламо бар ин қавланд ки пайваст дар сурате ҳаром мебошад, ки ҳамон чизи пайваст шуда низ муйи инсон бошад, аммо агар масалан пашми гӯсфанд ва ё дигар хел ришата ва ғайра бошад дуруст аст. Ин қавли Имом Лайс ибни Саъд Мисрӣ ва як ривояте аз Имом Аҳмад (раҳимаҳмаллоҳ) аст, тавре ки дар масоили Марвазӣ (раҳимаҳуллоҳ) омадааст:

[3367-*] قلت لأحمد: تكره كل شيء تصل المرأة بشعرها؟ قال: غير الشعر إذا كان قرامل قليلاً بقدر ما تشد به شعرها، فليس به بأس إذا لم يكن كثيراً. قال إسحاق: لا بأس بكل شيء من القرامل من الصوف وما أشبهه ما لم يكن شعراً، إلا أن يكثر وتريد بذلك المباهاة.

Тарҷума: Фармуд барои Аҳмад гуфтам: Оё ҳар чизе, ки ба муйи сар пайваст карда шавад макруҳ аст? Фармуд: ба ғайри муй агар андак қаромил (яъне порае аз пашм ва ё риштаву лата, ба шакли кокул) бошад, ки муйи сарро муҳкам дорад, боке надорад, ба шарте, ки бисёр набошад. Исҳоқ фармуд: ҳар латтае, ки аз пашм ва монанди он бошад, истифодаи он дуруст аст, вақто ки муй набошад, магар нодуруст аст дар сурате, ки бисёр ва ба хотири фахр бошад.(Масоили Имом Аҳмад/ҷ,9.с,4707).

Баъзе дигар аз уламо бар ин қавланд, ки пайваст кардан ба таври ом нодуруст ва ҳаром мебошад, зеро дар ҳадис зикри муй наомадааст, балки ҳадис ом мебошад. Тавре, ки дар ҳадиси Ҷобир (разияллоҳу анҳу) омадааст:

و حَدَّثَنِي الْحَسَنُ بْنُ عَلِيٍّ الْحُلْوَانِيُّ وَمُحَمَّدُ بْنُ رَافِعٍ قَالَا أَخْبَرَنَا عَبْدُ الرَّزَّاقِ أَخْبَرَنَا ابْنُ جُرَيْجٍ أَخْبَرَنِي أَبُو الزُّبَيْرِ أَنَّهُ سَمِعَ جَابِرَ بْنَ عَبْدِ اللَّهِ يَقُولُا زَجَرَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنْ تَصِلَ الْمَرْأَةُ بِرَأْسِهَا شَيْئًا

Тарҷума: Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) манъ кард аз ин, ки зан чизеро ба муйи сараш бандад.(Саҳеҳи Муслим/3967).

Дар ин ҳадис Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) муйро зикр накардааст, балки ба таври ом фармудааст, ки бояд зан ҳеҷ чизро ба муй сараш пайваст накунад. Дар усули фиқҳ қоида аст, ки мутлақ бар итлоқи худ мебошад, то ки ягон далеле омада, онро хос созад.

Ин қавли Имом Молик, як ривоят аз Имом Аҳмад, (тавре ки Ибни Қудома фармудааст) Имом Табарӣ ва аз уламои муосирин, Ибни Усаймин (раҳимаҳумуллоҳ) аст.

Хулоса: Қавли роҷеҳ дар ин масъала валлоҳаълам ҳамин қавли дуввум аст, зеро дар ҳадисе, ки аз пайват кардан манъ омадааст, дар он зикри муй ва ғайри муй вуҷуд надорад, балки манъ ба тариқаи ом омадааст. Бинобар ин имрӯза кокулҳое, ки арусҳо дар туйҳояшон бар муйи сари худ мебофанд бинобар қавли қави нодуруст мебошад, ҳамин қавли аксар ва ҷумҳури уламо мебошад. Тавре, ки Имом Нававӣ (раҳимаҳуллоҳ) фармуда ва ин қавлро таъйиду қувват додааст, бо ин ки хилофи уламои Шофеӣ мебошад, мефармояд:

وَقَالَ الْقَاضِي عِيَاض : اِخْتَلَفَ الْعُلَمَاء فِي الْمَسْأَلَة ، فَقَالَ مَالِك وَالطَّبَرِيّ وَكَثِيرُونَ أَوْ الْأَكْثَرُونَ : الْوَصْل مَمْنُوع بِكُلِّ شَيْء سَوَاء وَصَلَتْهُ بِشَعْرِ أَوْ صُوف أَوْ خِرَق ، وَاحْتَجُّوا بِحَدِيثِ جَابِر الَّذِي ذَكَرَهُ مُسْلِم بَعْد أَنَّ النَّبِيّ صَلَّى اللَّه عَلَيْهِ وَسَلَّمَ زَجَرَ أَنْ تَصِل الْمَرْأَة بِرَأْسِهَا شَيْئًا . وَقَالَ اللَّيْث بْن سَعْد: النَّهْي مُخْتَصّ بِالْوَصْلِ بِالشَّعْرِ ، وَلَا بَأْس بِوَصْلِهِ بِصُوفِ وَخِرَق وَغَيْرهَا. وَقَالَ بَعْضهمْ : يَجُوز جَمِيع ذَلِكَ ، وَهُوَ مَرْوِيّ عَنْ عَائِشَة ، وَلَا يَصِحّ عَنْهَا ، بَلْ الصَّحِيح عَنْهَا كَقَوْلِ الْجُمْهُور. 

Тарҷума: Қозӣ Иёз (раҳимаҳуллоҳ) фармуд: Уламо дар ин масъсла ихтилоф дордаанд. Молик, Табарӣ ва бештари уламо фармудаанд, ки пайваст кардан ба ҳар сурате ки бошад мамнӯъ мебшад, баробар аст, ки ба муй ё пашм ва ё ба латта бошад, ба далели ҳадиси Ҷобир (разияллоҳу анҳу) дар саҳеҳи Муслим, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) манъ карданд аз ин ки зан чизеро ба муйи сараш бандад. Лайс фармуда аст: Наҳй (аз пайваст кардан хос ба пайвасти муй мебошад, пайвасти пашм, лата ва илова аз ин ду дуруст аст. Баъзе аз уламо бар инанд, ки ҳамаи ин амал дуруст аст ва ҳамин қавл аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят шудааст. Вале ин асар аз  Оиша (разияллоҳу анҳо) собит намебошад. Балки  қавли саҳеҳ дар ин масъала қавли ҷумҳури уламост. (Шарҳи Нававӣ бар Муслим/ҷ,7.с236).